Deprecated: Файл Elementor\Scheme_Typography с версии 2.8.0 считается устаревшим! Используйте Elementor\Core\Schemes\Typography. in /var/www/html/wp-includes/functions.php on line 6078

          ҶДММ «ARTEL AVESTO ELECTRONICS» корхонаи муштараки Тоҷикистону Ўзбекистон дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд таъсис дода шуда, фаъолияти асосии он истеҳсоли техникаи маишии замонавӣ ва муосир мебошад, ки барои қонеъгардонии бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

          Ширкати муштарак моҳи феврали соли 2019 бо саҳми баробари ҶДММ «Авесто Гуруҳ» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Artel Engineering and Management (Ўзбекистон) таъсис ёфта, амалинамоии фаъолиятро дар асоси «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»  оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.  

          Ширкати «Авесто Гуруҳ» гурўҳи ширкатҳои гуногунсамт буда, фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар ба роҳ мондааст. Ширкат аллакай зиёда аз 15 лоиҳаҳоро дар соҳаи хизматрасонӣ ва истеҳсолот амалӣ намуда, дар давраи миёнамўҳлат татбиқи 9 лоиҳаи бузургро ба нақша гирифтааст.

          Ширкати «Artel» дар истеҳсоли таҷҳизоти маишӣ ва электронӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад. Ширкат фаъолияти худро соли 2011 бо истеҳсоли печҳои газӣ оғоз карда, айни замон дар номгўи маҳсулотҳои истеҳсолкунандаи ширкати «Artel» тамоми ашё ва асбобҳои рузғор барои хона дида мешавад.

          «Artel» зиёда аз 20 навъи асбобҳои маишӣ, аз ҷумла кондитсионерҳо, печҳои микромавҷӣ, печҳои газӣ ва барқӣ, телевизорҳо, яхдонҳо, телефонҳои мобилӣ, чангкашакҳо, асбобҳои хурди маишӣ ва ғайраро истеҳсол менамояд.

          Таҷҳизоти маишии «ARTEL» бо истифода аз технологияҳои пешрафта, ки ҷавобгўи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад, истеҳсол карда мешавад.

          Бо назардошти омўзиши таҷрибаи ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандагони асбобҳои маишӣ, мо маҳсулоти рақобатпазир ва мувофиқро, ки ба муштариёнамон писанд оянд, истеҳсол намоем.

          Дар ширкатҳои «ARTEL» технологияҳои истеҳсолкунандагони пешбари дунё, ки ба истеҳсоли таҷҳизот ва механизмҳои хатҳои технологӣ ва асбобҳои мураккаби маишӣ, аз ҷумла COMI, ULVAC, Inficon ва ғайра машғуланд, насб карда шудааст.

          Ба туфайли истифодаи таҷҳизоти муосир равандҳои истеҳсолӣ пурра автоматӣ шуда, сифати амалиёти истеҳсолӣ дар ҳар марҳила тариқи низоми (система) назорати электронӣ санҷида мешавад.

          Дар назди ширкати «Artel» маркази махсуси илмӣ-тадқиқотӣ R&D (Research and Development) фаъолият мекунад.

          Маркази илмӣ-тадқиқотӣ дар таҳия ва эҷоди технологияҳои нав, қарорҳо ва тарҳҳои нави конструкторӣ, таҳқиқот ва озмоиши амалии маҳсулоти таҳияшаванда фаъолона иштирок мекунад.

          Дар асоси талаботҳои муштариён, маркази тадқиқотии мазкур ғояҳои навро барои истеҳсол намудани маҳсулоти боз ҳам муосир ва баландсифат пешниҳод менамояд.                      Маҳз дар ҳамин ҷо қадами аввалин барои фаъолияти инноватсионӣ ва навоварӣ гузошта мешавад.

          Маҳсулоти «Artel» ба бисёр кишварҳо, аз ҷумла Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия содирот карда мешавад. Доираи маҳсулоти «Artel», инчунин талабот ба он, мунтазам меафзояд. Ширкат пайваста минтақаи содиротии худро васеъ намуда, ба бозорҳо ва кишварҳои нав роҳ мекушояд.